Вакилон дар маркази шаҳр ҷамъ меоянд

Март 15, 2013 14:36

Душанбе, 15 март.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум 28 марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Интизор меравад, ки вакилони Маҷлиси шаҳрӣ дар иҷлосия маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди соҳаҳои мухталифи шаҳрдориро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар назди вакилони шаҳрӣ Ҷамшед Мансуров-муовини раиси шаҳр доир ба ҷараёни иҷрои самараноки нақшаи амал оид ба таъсис ва таҷдиду навсозии корхонаҳои истеҳсолии саноатии шаҳри Душанбе дар солҳои 2012-2013 ва вакили Маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии №59 Н. Шоев оид ба иҷрои ваколатҳои худ ҳисобот медиҳанд. Инчунин Аъламхон Қурбонов-раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар масъалаи ҷараёни иҷрои нақшаҳои омодагии ноҳияи мазкур ба таҷлили 90 — солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2014 таҷлил мегардад, гузориш медиҳад. Дар фарҷоми иҷлосия тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Март 15, 2013 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд