Вазорати энергетика: истихроҷи ангишт афзуд
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Корхонаҳои соҳаи ангишти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти ду моҳи соли ҷорӣ (январ-феврал) истихроҷи ангиштро ба 33349,0 тонна расонида, нисбат ба нақша +24649,0 тн (383,3%) ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта +20188,0 тн. ё 253,3% зиёд ангишт истеҳсол карданд.Аз тарафи ҶСШК «Ангишт», КФ Шахтаи «Фон-Яғноб» ва минтақаи «Уголний»-и КМ «Анзоб» дар моҳи январ иҷрои нақшаи семоҳаи соли ҷорӣ пеш аз муҳлат ва барзиёд таъмин шуд. Дар баробари ин, корхонаҳои соҳа имкон доранд дар ҳолати пайдо гардидани харидорони ангишт нақшаи нимсоларо дар ҷамъбасти семоҳаи соли ҷорӣ пеш аз муҳлат ва барзиёд таъмин намоянд.Дар айни замон, дар анборҳои корхонаҳои соҳа ва нуқтаҳои фурӯш то 1-уми марти соли ҷорӣ зиёда аз 41,8 ҳазор тонна ангишт мавҷуд аст.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






