Вохӯрии «Истиқлол» ва «Ал- Қодисия» дар Кувайт
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар доираи тамринҳои мавсимияш дар варзишгоҳи Муҳаммад Ал-Ҳамади Кувайт бо дастаи «Ал- Қодисия»- и ин кишвар бозии санҷишӣ анҷом дода, бо натиҷаи 2:4 шикаст хӯрд. Бино ба иттилои сомонаи расмии «Истиқлол» тӯбҳои дастаро дар ин бозӣ Фатҳулло Фатҳуллоев ва Виллер Соуза Оливейра ба ҳадаф расонидаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дастаи «Ал- Қодисия»- қаҳрамони 15- каратаи Кувайт ва яке аз дастаҳои пурқуввати Осиё ҳарифи дастаи «Равшан»- и Кӯлоб дар даври гуруҳии Ҷоми КФО маҳсуб меёбад. Дастаи «Истиқлол» бозии санҷишии навбатиашро рӯзи якшанбе, 31 март бо дастаи «Ал-Шабоб»- и Кувайт баргузор мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






