Зан чароғи рўзгор ва оинаи зиндагист
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Модар дар Литсейи касбии саноати дўзандагии шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Зан чароғи рўзгор ва оинаи зиндагӣ» доир шуд.Дар чорабинӣ раиси кумита Маликшо Неъматов ширкат намуда, бо ҳунарҳои дастии муҳассилини литсей, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буданд,ошно гардид. Маликшо Неъматов ба ҳунари ҷавондухтарон баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуд, ки барои ташвиқу тарғиби тарроҳҳо ва ҳунарҳои дастии ҷавондухтарони Литсейи мазкур чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешанд. Инчунин М.Неъматов барои дастовардҳои арзандаю шоёнашон бахшида ба рўзи Модар ба шаш нафар мураббию донишҷӯдухтари ин муассисаи таълимӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






