Зебунисо Рустамова- Президенти Ассотсиатсияи олимпичиён
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз, 12-уми март дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии кишвар, ҷаласаи генералии Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон доир гардид. Дар кори ҷаласа котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ширкат варзид ва дар он бори дигар ба ҳайси Президенти ассотсиатсия барои давраи солҳои 2013-16 Зебунисо Рустамова интихоб гашт. Зебунисо Рустамова- Мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар соли 1975 (Швейтсария), барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал дар соли 1976, 3 карат каҳрамони ҷахон дар ҳайати тими собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, 3 карат қаҳрамони Аврупо, 15 карат қаҳрамони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, 20 карат қаҳрамони Тоҷикистон оид ба камонварӣ мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






