Қаҳрамони ҷавони ҷаҳон аз рӯи гӯштини каратэ
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). – Тавре ки президенти Федератсияи каратэ – дои Тоҷикистон Муҳаммад Бодаков ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, гӯштингири 12 – солаи тоҷик аз рӯи гӯштини тарзи каратэ Муҳаммад Маҳмудов дар мусобиқоти ҷаҳон аз рӯи ин намуди варзиш мақоми аввалро касб намуд. Назар ба гуфтаи Муҳаммад Бодаков, варзишгарони ҷумҳурӣ дар намуди кумитэи гӯштини тарзи каратэ як медали тилло, се медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Хотирнишон месозем, ки дар мусобиқоти ҷаҳон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 30 нафар варзишгарони тоҷик иштирок намуданд. Дар ин мусобиқот ғайр аз варзишгарони Тоҷикистон гӯштингирони беш аз 40 кишвари ҷаҳон низ иштирок доштанд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






