Қарзи бебозгашти Бонки умумиҷаҳонӣ маъқул ёфта шуд
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Шӯрои роҳбарони Бонки умумиҷаҳонӣ қарзи бебозгаштро ба маблағи 14 миллиону 85 ҳазор доллар барои татбиқи лоиҳаи «Истифодаи устувори захираҳои замин ва беҳдошти зиндагии аҳолии деҳоти Тоҷикистон» маъқул ёфт. Мувофиқи маълумоти намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, мақсад аз ин лоиҳа дастгирӣ дар масъалаи истифодаи устувортари захираҳои табиӣ ва таҳкими устувории ҷомеа ҷиҳати расонидани таъсири мусбат ба иқлим мебошад. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур аз маблағҳои Барномаи таҷрибавии тағйири иқлим қарзи бебозгашт ба маблағи 9 миллиону 45 ҳазор доллар ҷудо карда шудааст. Тоҷикистон яке аз 18 кишварҳои аъзои барнормаи мазкур мебошад, ки бонкҳои рушди иқтисод онро дастгирӣ менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






