Қарзи Бонки Исломии Рушд ба Тоҷикистон

Апрель 3, 2013 16:28

Душанбе, 3 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон» -ро 3 апрел вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расониданд.  Нуриддин Саидов- вазири маорифи кишвар Созишномаи мазкурро дар парлумони ҷумҳурӣ шарҳ дода гуфт, ки арзиши умумии лоиҳа 11 миллион $ -и амрикоӣ буда, 4,39 миллион $ қарзи Бонки Исломии Рушд, 5,52 миллион $ қарзи Фонди ҳамбастагии исломӣ ва 1,1 миллион $ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Лоиҳаи мазкур аз се қисмат иборат аст, афзуд вазир. Қисмати аввал таҳсили касбии ҷавонон, маблағи умумии ба нақша гирифташуда 5,12 миллион $ буда, 3, 96 миллион $ барои таъмир ва сохтмони муассисаҳои ибтидоии касбӣ, маблағи боқимонда барои харидории таҷҳизоти лабораторияҳо ва ба тартиб даровардани устохонаҳо пешбинӣ мешавад. Қисмати дуюм аз саводнокии касбӣ ва омӯзиши занон иборат буда, барои татбиқи он 0,7 миллион $ ҷудо карда мешавад. Қисмати сеюми лоиҳа қарздиҳии хурд ба ҷавонон ва занон аст, ки барои амалӣ намуданаш 3, 22 миллион $ ба нақша гирифта шудааст. Агентии иҷроияи лоиҳаи мазкур Вазорати маорифи кишвар аст. Қарзи БИР ба муҳлати 25 сол бо фоизи 2,5 % -солона ва муҳлати имтиёзноки 7 сол ва қарзи Фонди ҳамбастагии исломӣ барои 30 сол бо 0,75 % солона ва давраи имтиёзнокии 10 сол дода мешавад. Нуриддин Саидов –вазири маорифи ҷумҳурӣ гуфт, ки соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соҳаи афзалиятноки ислоҳоти маориф аст, зеро ин муассисаҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнат мутахассисони гуногуни коргариро омода месозанд. Мавсуф афзуд, ки дар ин самт Вазорати маориф тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар соли 2012 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2013-2020» аз ҷониби Вазорат баррасӣ шуда, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардид.

Апрель 3, 2013 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад