Қарзи Бонки Исломии Рушд ба Тоҷикистон
Душанбе, 3 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон» -ро 3 апрел вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расониданд. Нуриддин Саидов- вазири маорифи кишвар Созишномаи мазкурро дар парлумони ҷумҳурӣ шарҳ дода гуфт, ки арзиши умумии лоиҳа 11 миллион $ -и амрикоӣ буда, 4,39 миллион $ қарзи Бонки Исломии Рушд, 5,52 миллион $ қарзи Фонди ҳамбастагии исломӣ ва 1,1 миллион $ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Лоиҳаи мазкур аз се қисмат иборат аст, афзуд вазир. Қисмати аввал таҳсили касбии ҷавонон, маблағи умумии ба нақша гирифташуда 5,12 миллион $ буда, 3, 96 миллион $ барои таъмир ва сохтмони муассисаҳои ибтидоии касбӣ, маблағи боқимонда барои харидории таҷҳизоти лабораторияҳо ва ба тартиб даровардани устохонаҳо пешбинӣ мешавад. Қисмати дуюм аз саводнокии касбӣ ва омӯзиши занон иборат буда, барои татбиқи он 0,7 миллион $ ҷудо карда мешавад. Қисмати сеюми лоиҳа қарздиҳии хурд ба ҷавонон ва занон аст, ки барои амалӣ намуданаш 3, 22 миллион $ ба нақша гирифта шудааст. Агентии иҷроияи лоиҳаи мазкур Вазорати маорифи кишвар аст. Қарзи БИР ба муҳлати 25 сол бо фоизи 2,5 % -солона ва муҳлати имтиёзноки 7 сол ва қарзи Фонди ҳамбастагии исломӣ барои 30 сол бо 0,75 % солона ва давраи имтиёзнокии 10 сол дода мешавад. Нуриддин Саидов –вазири маорифи ҷумҳурӣ гуфт, ки соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соҳаи афзалиятноки ислоҳоти маориф аст, зеро ин муассисаҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнат мутахассисони гуногуни коргариро омода месозанд. Мавсуф афзуд, ки дар ин самт Вазорати маориф тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар соли 2012 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2013-2020» аз ҷониби Вазорат баррасӣ шуда, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






