Қатар ба рушди футболи Тоҷикистон кӯмак мекунад
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов). — Ҳайати намояндагони Ассотсиатсияи футболи Қатар бо сарварии Ҳамад бини Халифа Ал – Танӣ бо сафари якрӯза ба Душанбе омада, бо Раиси ФФТ Рустами Эмомалӣ мулоқот кард. Дар ин бора ФФТ иттилоъ дода афзудааст, ки ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили рушди футбол дар Тоҷикистону Қатарро баррасӣ намуданд. Ассотсиатсияи футболи Қатар барои расонидани кӯмакҳои техникӣ дар соҳаҳои гуногуни рушди футболи Тоҷикистон чун пешрафти футболи кӯдакону наврасон, омода намудани мураббиён ва ташкили курсҳои такмили ихтисос барои онҳо, гузаронидани бозиҳои дӯстона изҳори омодагӣ кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






