Ҳафтаи Франкофония дар Тоҷикистон
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Гузарондани Ҳафтаи Франкофония дар Тоҷикистон як анъанаи нек шудааст. Ҳамаи чорабиниҳои ин ҳафта ба забон, адабиёт ва фарҳанги Фаронса бахшида шуда, ба рушди забон ва фарҳанги мазкур дар кишвари мо мусоидат мекунанд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Маркази фаҳангии «Бохтар» хабар доданд, имсол чун ҳарвақта маркази мазкур дар якҷоягӣ бо Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон зимни дастгирии Дафтари Ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, ширкати «Туркиш Эйрлайнс» ва ширкати сохтмонии фаронсавии Винси, таҷлилгирии Ҳафтаи франкофониро дар шаҳри Душанбе боз ҳам беҳтар мегузаронанд.Ҳафтаи франкофонӣ аз 2 апрел оғоз ёфта, то 7-ум идома меёбад. Дар барномаи ҳафта фестивали филмҳо ба забони фаронсавӣ, консерти триои санъаткорони швейтсариягӣ Нога/Патрик Бебей ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин 7 апрел дар Театри драмавии русӣ ба номи В. Маяковский моноспектакл бо унвони «Маззаи самбӯсаи варақин» пешкаши тамошобин хоҳад гашт. Муаллиф, коргардон ва иҷрокунанда Эрик де Саря (Фаронса) мебошад. Хамчунин дар доираи ҳафта дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон барои санъаткорон ва ҳунармандон барномаи омӯзиши касбӣ гузаронида мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






