«Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Имрӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар назди бинои китобхонаи нави бачагона ба номи адиби шинохта Мирсаид Миршакар фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардид. Дар фестивали мазкур вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов ширкат варзида, аз дастоварду эҷодиёти хонандагони пойтахт, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, дидан намуданд. Бояд гуфт, ки дар ин фестивал ҳамчунон адибону нависандагони маъруфи кишвар иштирок намуда, эҷодиёти хешро ба намоиш гузоштанд. Ёдовар мешавем, ки тӯли фестивал ҳамарӯза дар назди бинои китобхона адибони шинохта бо кӯдакону наврасон суҳбатҳо мегузаронанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






