Ҳайати тиҷоратии Британияи Кабир озими Душанбе шуд
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз,15-уми апрел ҳайати тиҷоратии Британияи Кабир таҳти роҳбарии Найҷел Петерс, директори ширкати Бритиш Экспертиз (British Expertise) ва Гуруҳи маълумот оид ба бизнес дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз (CATBIG) бо сафари чоррӯза озими Душанбе шуданд.Тавре ки дар ин бора аз сафорати Бритониё дар Душанбе хабар доданд, ҳайати тоҷирон ва сармоягузорони бритониёвӣ шароит ва имкониятҳои савдо ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, масъалаҳои ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, соҳибкорон ва намояндагии ташкилотҳои маблағгузорро баррасӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ки ҳайати мазкур бо Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Фаррух Ҳамроалиев, мушовири давлатии Президент дар бахши иқтисодӣ ва Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мулоқот хоҳад кард.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






