Ҳалли масоили ҳалталаб зимни қабули шаҳрвандон

Апрель 2, 2013 09:59

Кӯлоб, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал рӯзи 30 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб бо шаҳрвандон вохӯрд. Вохӯрӣ бо мақсади амалӣ гардидани қабули шаҳрвандон ва суҳбат кардан бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию шаҳрӣ буд.Муроҷиаткунандагнон бештар барои гирифтани замини манзилӣ, нарасидани оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои дурдаст, таъмини симчӯб барои кашидани хати барқ, таъмини нафақа ба кӯдакони маъюб, нарасидани маблағ барои муолиҷа ва дигар норасоиҳои иҷтимоӣ сухан гуфтанд. Ғ.Афзал ба роҳбарони ташкилотҳои дахлдор дастур дод, ки мушкилоти шаҳрвандонро зуд ҳал карда, натиҷаи онро ба ҳукумати вилоят пешниҳод кунанд. Инчунин зикр кард, ки аз буҷаи вилоятӣ низ ба ниёзмандон кӯмак расонида мешавад.

Апрель 2, 2013 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд