Ҳалокати 6 нафар дар садама
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Дар натиҷаи садама дар шоҳроҳи Хоруғ-Роштқалъа 6 нафар ҳалок гардиданд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, 29 март ронандаи мошини тамғаи «УАЗ-452» Хуҷамёр Рӯзадоров соли таваллудаш 1965 ҳангоми ҳаракат аз тарафи ш.Хоруғ ба самти ноҳияи Роштқалъа бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба тарафи рости роҳ ба чуқурии 150 метр чаппа шудааст, ки дар натиҷа мусофирони мошин Заррагул Қаламова , соли таваллудаш 1974, Бунафшаи Абдулвобзода, соли таваллудаш 2006, Диана Соҳибназарова соли таваллудаш 2002, Анҷирбибӣ Раҷаббекова, соли таваллудаш 1962, Ҷонбибӣ Раҷаббекова , таваллудаш 1957 ва Гулсара Мамадназарова, соли таваллудаш 1985, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 4 мусофири дигари мошин бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаи шаҳри Хоруғ бистарӣ шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






