Ҳамкории байниҳукуматии Русия ва Тоҷикистон
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – «Муносибатҳои нав ба ҳамкории байниҳукуматии Русия ва Тоҷикистон». Чунин аст, мавзӯи Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон, ки бо ибтикори Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқу таҳлили Аврупо ва Осиё» 5 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар кори конфронс намояндагони сохторҳои давлатии Тоҷикистону Русия, зиёиёни донишкадаҳои олӣ, созмонҳои ғайриҳукуматию ғайритиҷоратӣ, гурӯҳҳои эҷодкорон, коршиносони мустақили Русия ва Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок менамоянд.Мақсади асосии роҳандозии конфронс иборат аз таҳлили дурнамои рушди ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия дар марҳилаи нави ҳамгироӣ дар фазои Иттиҳоди Далватҳои Мустақил, тағйири вазъи иқтисодӣ, дидани чораҳо барои густариши иқтисодиёт, ҳамчунин дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба мебошад. Дар ин бора аз Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқу таҳлили Аврупо ва Осиё» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






