Ҳаво кай офтобӣ мешавад?
Душанбе, 29 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Шуруъ аз 1 то 3 май ҳаво дар ҷумҳурӣ бебориш ва офтобӣ боқӣ монда, ҳарорат батадриҷ то 20-25 дараҷа гарм мешавад», мегӯяд Парвина Саидҷамолова, мудири шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар. Мавсуф зикр кард, ки аз нимаи моҳи апрел инҷониб дар ҷумҳурӣ боронҳои кӯтоҳмуддат ва баъзан бошиддат борида, раъду барқ ба амал омад ва дар баъзе минтақаҳо жола низ борид, ки он хоси ҳавои баҳор буда, дар моҳи апрел ҳолати муқаррарист. Имрӯз. 29 апрел ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд шабона 4-6 дараҷа, рӯзона 12-14 дараҷа гарм, дар вилояти Хатлон шабона 8 -10 дараҷа, рӯзона 13-18 дараҷа гарм, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шабона 5 -10, рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шабона 3 -5 дараҷа ва рӯзона 12-14 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мегардад. 4 -5 май ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйир ёфта, боронҳои кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд, мегӯяд мутахассисси бахши ҳавошиносии ҷумҳурӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






