Ҷаласа оид ба устувории обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар меҳмонхонаи Тоҷикистон ҷаласаи 16-уми Шабакаи ташкилоти ҳамкорон оид ба устувории обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ (ТоҷВСС) баргузор мегардад. Ҷаласаи мазкур аъзои Шабакаи ТоҷВСС-ро бо пешравиҳо ва тағйироти зерсохторҳои таъминоти оби нӯшокӣ шинос мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани Форуми байналхалқии об, ки дар моҳи августи соли 2013 дар назар аст, тайёрӣ мебинад ва он бахше аз ҷашнгирии Соли байнахалқии ҳамкориҳо дар соҳаи об мебошад. Мақсади асосии форум таъсиррасонӣ баҳри беҳтар намудани ҳамкориҳо дар соҳаи об, аз ҷумла дар сатҳи сарҳадгузар бо роҳи тарғиботи таҷрибаи пешқадам ва пешбурди сиёсат, иштироки васеъи ҷомеа, дастгирии сиёсатмадорон барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи об ва дастоварди мақсадҳое, ки дар доираи обтаъминкунӣ дар сатҳи байнахалқӣ мувофиқа шудаанд, мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






