Ҷаласаи ҳарсолаи БРО дар Ҳиндустон
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Вазирону шахсони олимақоми расмӣ, соҳибкорони бонуфуз, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз 2 то 5 май барои иштирок дар ҷаласаи 46 – уми ҳарсолаи Бонки рушди Осиё дар шаҳри Нойдаи Ҳиндустон ҷамъ меоянд.Дар ҷаласа 4 ҳазор нафар, аз ҷумла намояндагони васоити ахбори оммаи ҷаҳон иштирок намуда, масоили беҳдошти дастрасӣ ба имкониятҳои иқтисодӣ ва хидматрасониҳои иҷтимоӣ аз қабили тандурустӣ ва маорифро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Тавре ки аз намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубхон Давлатов ширкат мекунад. Дар ҷаласаи ҳарсола вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Шариф Раҳимзода низ иштирок менамояд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






