Ҷаласаи ҷамъбастӣ дар фурудгоҳи Душанбе

Апрель 17, 2013 09:49

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» фаъолияти семоҳаи соли 2013-ро ҷамъбаст кард. Дар се моҳи аввали соли 2013 ба 174 ҳазору 114 нафар мусофири рафта ва ба 117 ҳазору 524 мусофири омада хизмат расонида шуд. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулкарда ва интиқолдодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар семоҳа 677 тоннаю 665 кг ро ташкил кард. Дар давраи ҳисоботӣ хадамот ва шуъбаҳои фурудгоҳ мутобиқи меъёрҳои муайяншуда амал намуда, амнияти авиатсионӣ, амнияти мусофирон, бор ва бағоҷро пурра таъмин намуданд. Мутобиқи талаботи меъёрҳои байналхалқӣ амнияти пурраи авиатсионӣ тавассути воситаҳои гуногуни муоинаи мусофир, бор ва бағоҷ, системаи мушоҳидаю сабти видеоӣ таъмин карда шуд.Беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, такмили маҳорату малакаи касбии кормандон, беҳтар ва пурзӯр кардани низоми амният, мустаҳкам намудани интизоми меҳнат, пурзўр кардани назорат нисбат ба пешгирии вуруди бемориҳои махсусан вазнини сирояткунанда ба қаламрави ҷумҳурӣ ва сарфаю сариштакорӣ афзалиятҳои асоси рушди фурудгоҳи Душанбе ба ҳисоб меравад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори дафтари матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Маҳмаюсуф Шодиев иттилоъ дод.

Апрель 17, 2013 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад