Ҷаласаи чоруми Шӯрои машваратӣ дар Суғд
Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Ҷаласаи чоруми Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 29 апрел дар дар Қасри Арбоб баргузор гардид. Раиси вилоят ва ҳамзамон раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Қоҳир Расулзода аз мавқеи сайёҳӣ дар тараққиёти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар баъзе манбаъҳои иттилоотӣ даромад аз ин соҳаро ба ҳисоби миёна ҳар сол тақрибан 50 миллиард доллар тахмин кардаанд ва имконияти расидани он дар солҳои 2015-2020 ба 2 триллион доллар дар назар аст.Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 17 ширкати сайёҳӣ дорои иҷозатномаи фаъолият мебошанд. Соли гузашта ин ширкатҳо 2067 сайёҳи хориҷиро аз 38 давлати ҷаҳон қабул намудаанд.Дар кори ҷаласа инчунин ахбори сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», гузориш ва муҳокимаҳо дар мавзӯи «Рушди бахши туризм» ва пешниҳоди лоиҳаи рӯзномаи кории ҷаласаи панҷуми Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Иштирокдорон ҳамчунин перомуни вазъияти туризм, муаммову монеаҳои он дар вилояти Суғд ва имкониятҳои инфрасохторҳои сайёҳии вилоят суҳбат намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






