Ҷаласаи Кумитаи тадорукотӣ
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 19 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукотии Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Рушди нерӯи транзитии Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2020» ва ҷаласаи даҳуми Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА баргузор мегардад. Дар ин бора сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Мувофиқи суханони Абдулфайз Атоев, дар кори Кумитаи навбатии тадорукотии конфронс намояндагони Вазорати нақлиёт ва муассисаҳои дигари касбии Тоҷикистон, ҳамчунин муовини Дабири кулли Иттифоқи байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Игор Рунов ва Дабири кулли Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА Эдуард Бирюков иштирок менамоянд. Дар чараёни ҷаласа масоили ташкилию молиявии марбут ба доир намудани конфронс мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Нимаи дуюми рӯз дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи кори ҷаласаи Кумитаи тадорукотӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад. Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои мубрами дурнамои рушди савдо, равобити нақлиётии кишварҳои Аврупо ва Осиё, интиқоли амвол ва транзити байни Осиё, Аврупо ва Шарқи Наздик тавассути минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима хоҳад шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






