Ҷаласаи Шӯрои Созмони талабагон дар «Душанбе — плаза»

Апрель 29, 2013 14:41

Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).-Тибқи нақшаи Шӯрои ҷумҳуриявии Созмони талабагони Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ 27 – уми апрели соли 2013 бо иштироки аъзои Шӯро ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявии Созмони талабагон дар муассисаи давлатии «Душанбе — плаза» баргузор гардид. Дар барномаи ҷумҳуриявии Созмони талабагон аз вазъи фаъолияти созмони талабагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони марказҳои кӯдакон ва наврасони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ маълумот доданд. Дар ҷараёни кори Шӯро зикр шуд, ки «вазифаҳои асосии Созмони талабагони муассисаҳои таълимӣ дастгирии ҳимояи ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароит барои худмуайянкунӣ , худинкишофдиҳӣ ва худифшосозии кӯдакон дар раванди фаъолияти пурҷӯшу хурӯши эҷодӣ ва меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ аст». Созмони талабагӣ ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба узвияти худ тамоми кӯдакон ва наврасони синни мактабиро дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ фаро мегирад. Мазмун ва мундариҷаи фаъолияти Созмони талабагон дар ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» амалӣ мегардад. Оид ба ин масъала сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳ. Фақеров андешаҳои худро иброз намуд. Аз рӯи барномаи кории Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба фаъолияти Созмони талабагони муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти иловагии шаҳри Душанбе директори муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳр Комил Холов иттилоъ дод.  Барои ҷолиб ва хотирмон гузаштани ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявӣ кумитаи тадорукот ба меҳмонон барномаи пурмазмун пешниҳод намуд. Намояндагони Шӯрои ҷумҳуриявии Созмони талабагӣ аз фаъолияти Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Сино ва мактаби таҳсилоти умумии № 93 дидан намуданд.

Апрель 29, 2013 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард