Ҷалби 950 миллион сомонӣ барои таҷдиди роҳҳо
Душанбе, 5 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова ).- «Алҳол дар соҳаи нақлиёти кишвар 9 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ татбиқ гардида истодааст, ки маблағи умумии онҳо беш аз 1,1 миллиард $ муодил ба 5,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад», гуфт дар ҷаласаи парлумони мамлакат Руҳуллоҳ Ҳакимов, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ. Мавсуф зикр кард, ки соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, хусусан таҷдид ва сохтмони роҳу пулҳо ва дар ин замина раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки яке аз се ҳадафи стратегии ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад, беш аз пеш рушд ёфта, амалӣ мегардад. 9 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе- сарҳади Қирғизистон ба маблағи 144,5 миллион $, сохтмони роҳи Душанбе- Турсунзода — 166,2 миллион $, роҳи Шоҳон –Зиғар (марҳилаи сеюм) 21,9 миллион $, Кӯлоб-Қалъаи Хумб 92,9 миллион $, Душанбе- Қулма (марҳилаи 1 ва 2-юм) 203, 1 мииллон $, Душанбе -Бӯстон –Чаноқ 295, 9 миллион $ бо назардошти нақби Шаҳристон, роҳи Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ (марҳилаи 2-юм) 23,3 миллион $ -ро дар бар мегирад. Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ афзуд, ки танҳо дар давоми соли 2012 ба иқтисодиёти кишвар 1,6 миллиард сомонӣ маблағҳои грантию қарзӣ ҷалб гардидаанд, ки аз он 950 миллион сомонӣ ё 60 % -аш барои рушд ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ равона шудааст. Аз 950 миллион сомонӣ 474 миллион сомонӣ маблағи қарзӣ ва 476 миллион сомонӣ маблағи грантӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






