Ҷамъбасти ҳафтаи китоб
Хоруғ, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҷангибек Улфатшоев).- Дар маросими ҷамъбасти ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон, ки дар Кохи ҷавонони шаҳри Хоруғ баргузор гашт, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Ш. Шоҳқосимов зикр намуд, ки чорабинии мазкур хеле рангин ва хотирмон гузашт. Дар доираи ин чорабиниҳо мулоқоти адибон бо омӯзгорону муҳассилони мактабҳои ҷамоатҳои Навобод ва Поршинев, шаҳри Хоруғ ва дигар минтақаҳо воқеъ гардид, ки аз он иштирокчиён таассуроти амиқ бардоштанд. Раиси бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан аз боби қадру манзалати сухан ва китоб сухан гуфта ва аз ин чорабинӣ натиҷагирӣ кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






