Ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори Тоҷикистон
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи агентӣ «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии ҶТ дар семоҳаи якуми соли равон» баргузор гардид. Дар ҷаласа зикр гардид, ки мақомоти омор дар самти омодагӣ ва иҷрои корҳои ташкилӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 як силсила корҳоро ба анҷом расонид. Лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2013 омода ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуд. Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ҷорӣ намудани ҳисоботи омории электронӣ, ташкили ҳамкории мутақобилаи иттилооти байналхалқӣ, ҷалби маблағҳои шарикони рушд барои татбиқи «Стратегияи миллии рушди омор барои солҳои 2012-2016», хусусан гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар соли 2013, риояи методологияи амалкунандаи ташаккули омори расмӣ ва истифода аз методологияи муосири байналхалқӣ дар низоми омори миллӣ, татбиқи тавсияҳои ҳисоботи арзёбии глобалиро, ки аз ҷониби омори Аврупо ба анҷом расидаанд, баррасӣ гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






