Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти молиявӣ

Апрель 16, 2013 12:48

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи фаъолияти молиявӣ, иҷрои Буҷаи давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2013, вазифаҳои рушди самарабахш ва истифодаи маблағҳои давлатӣ дар семоҳаи дуюми соли 2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳбарони раёсатҳои молиявии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳисобот доданд. Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов дар назди кормандони масъули низоми Вазорати молия вазифаҳои мушаххас гузошт, ки бояд сари вақт ва хушсифат иҷро карда шаванд.

Апрель 16, 2013 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд