Ҷамъбасти семинари чоррӯзаи гумрукчиёни кишвар

Апрель 5, 2013 16:37

Душанбе,5 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)-Шуруъ аз 1-ум то 4-уми апрели соли равон шонздаҳ нафар кормандони кумитаи гумрук аз пойтахт ва вилояти Хатлон дар семинари чоррӯза оид ба бехатарии шабакаҳои таъминотӣ барои кормандони мақомоти гумрук ширкат намуданд. Семинари мазкур, ки аз ҷониби Барномаи БОМКA (сарпарасташ — Иттиҳоди Аврупо, иҷрокунанда — БРСММ) дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии сиёсати рушди муҳоҷират (МБСРМ) ташкил шудааст, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Тавре ки дар ин бора аз дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд,тренерҳо, ки аз кишварҳои аврупоӣ даъват гардида буданд, доир ба таҷриба ва сохтори тартиботи гумрукии Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин нақши ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя табодули назар намуданд. Илова бар ин иштирокчиёни семинар бо технологияи навтарини ренгенӣ, ки дар кишварҳои аврупоӣ истифода мешавад, ошноӣ пайдо намуданд. Гуфта мешавад, ки ҳадафи барномаи БОМКА- ин кӯмак намудан дар такмили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ, мусоидат дар қонунӣ гардонидани тиҷорат ва транзит ва ҳамчунин пешгирии убури ғайриқонунии одамон тавассути сарҳадоти Осиёи Марказӣ мебошад. Ёдрас мешавем, ки Барномаи БОМКA аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида ва фаъолиятҳои он тавассути БРСММ ва Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират амалӣ мешаванд.

Апрель 5, 2013 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд