Ҷамъомади донишҷўёни тоҷик дар Анкара

Апрель 29, 2013 14:44

Анқара, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Дирўз дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ҷамъомад оид ба тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов, кормандони сафорат ва зиёда аз 50 нафар донишҷўи тоҷик, ки дар донишгоҳҳои мухталифи Туркия таҳсил мекунанд, иштирок карданд. Сафир зикр кард, ки дар Паёми навбатӣ Президенти кишвар самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайян ва мушаххас намуда дар бораи қарзи шаҳрвандии ҳар нафар оид ба донистани сиёсати дохиливу хориҷии кишвар таъкид намуд. Кормандони сафорат нуктаҳои муҳими самтҳои асосии Паёми сарвари давлатро тавзеҳ доданд, ки он соҳаҳои гуногуни сиёсати хориҷӣ, иқтисодиёт ва коммуникатсия, иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф ва дигар самтҳоро дар бар гирифтааст. Донишҷўи Донишгоҳи техникии Ховари миёна (ODTU),бахши муносибатҳои байналхалқӣ Муҳаммадёр Самиев баъд аз ҷамъомад чунин иброз дошт: «Соли ҷорӣ дар мамлакати мо маъракаи интихоботи президентӣ баргузор мегардад ва кафолати Сарвари давлат перомуни ба таври демократӣ, шаффоф ва ошкор баргузор шудани интихоботи дар пеш истода хеле нуқтаи муҳим буд. Донишҷўи Донишгоҳи Селҷуки шаҳри Куния Бахтиёри Музаффар низ зикр кард, ки дар Паёми навбатии Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон яке аз масъалаҳои муҳимтарин тарбияи кадрҳои ҷавобгў ба стандартҳои байналмиллалии талаботи бозори меҳнатӣ буд. Дар шароити имрўза зарур аст, ки заминаҳои моддиву техникӣ ва имкониятҳои кадрӣ беҳтар шаванд. Таъкид шуд, ки ҳар сол дар мактабҳои олӣ ҳазорон нафар ҳуқуқшиносу иқтисодшиносон омода мешаванд, дар ҳоле ки Тоҷикистон имрӯз ба муҳандисону бинокорон, энергетику технологҳо, барномасозон ва табибони баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ ниёзи бештар дорад. Мо донишҷўёне, ки берун аз кишвар таҳсил мекунем, баъд аз хатми донишгоҳ ба кишвари худ баргашта барои рушди он саҳм ва кўшиш мекунем». Донишҷўи факултаи рўзноманигории Донишгоҳи Эрҷиеси шаҳри Кайсар Муҳаммадҷон Таваров чунин иброз дошт: «Сарвари давлат дар Паеми навбатиаш дар бораи якчанд ҳадаф сухан кард, яке аз онҳое, ки диққати манро ҷалб кард, ин ҳадафи арҷгузорӣ ба эҳтироми забони давлатӣ, забони тоҷикист. Чӣ тавре ки бузургон гуфтаанд: Агар сесад забон донӣ, фузун нест, ҳамарўзе ба кор ояд, забун нест. Надонӣ гар забони миллати худ, пушаймонӣ надорад оқибат суд». Сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов ба тамоми донишҷўён муваффақият орзу карда, умедворӣ баён кард, ки баъд аз хатми донишгоҳ онҳо дар рушду инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон саҳмгузор хоҳанд шуд.

Апрель 29, 2013 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид