Ҷашнвораи Маргарита Қосимова дар Сафорати Тоҷикистон

Апрель 12, 2013 04:10

Душанбе, 12 апрел (АМИТ «Ховар»).- 10 апрели соли 2013 ба зодрӯзи коргардони кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Маргарита Наимовна Қосимова 75 сол пур шуд.  Дар ҷорабинии ҷашние, ки ба ин муносибат дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, Сафири Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов паёмҳои табрикии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва сафоратро ба унвони соҳибҷашн қироат кард. Қ. Қоимдодов зикр намуд, ки М. Қосимова дар рушди кинои тоҷик саҳми арзанда дорад. Филмҳои ҳунарии ӯ, аз чумла, «Ҷӯра саркор», «Чашмаи гӯё», «Имрӯз ва ҳамеша», «Чор нафар аз Чорсанг», «Майдони парвоз», «Марди мутааллиқи ду зан» ба хазинаи тиллоии кинои тоҷик шомил шудаанд ва беҳуда нест, ки тайи солҳои дароз дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, аз чумла Русия, Фаронса, Олмон, ИМА, Шветсия, Корея, Сербия мавриди таваҷҷуҳи ҳаводорони санъат қарор доранд, дар кинофестивалҳои бонуфузи байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардидаанд. Сафир зикр намуд, ки М.Қосимова соли 1993 Ҷумҳурии Беларусро макони зисти доимии худ баргузида, дар ин ҷо фаъолияти пурсамари худро идома дод. Ӯ муаллифи чандин филми бадеӣ буда, дар Академияи санъати Беларус ба ҳайси профессор фаъолияти педагогӣ пеш мебарад, дар чорабиниҳои Сафорати Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунад. Гарчанде дар давоми бист соли охир М.Қосимова дар Беларус зиндагӣ дорад, вале ҳамеша барои муаррифии фарҳанги миллати худ ҷаҳд мекунад. Суханронии Маргарита Қосимова бо изҳори миннатдорӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сафорати Тоҷикистон пур аз эҳсоси меҳру муҳаббати ватан буд. Ӯ зикр намуд, ки ҳеҷ гоҳ лаззати об ва ҳавои куҳистонро фаромӯш намекунад. «Дар охири феврал ё аввали март накҳати гули бодомро ҳис кардам», гуфт ӯ ва илова намуд, ки резорези гули зардолуро дар деҳаҳои Чоркуҳу Ворухи Исфара, талҳои сурхи Кӯлоб ва лоҷуварди Бадахшонро ҳамеша ёд мекунад.

Апрель 12, 2013 04:10

Хабарҳои дигари ин бахш

24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад