Ҷавонони тоҷик дар Маскав таҳсил хоҳанд кард
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо Маркази таълимию усулии байналмилалии мониторинги молиявии шаҳри Маскав озмуни хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистонро эълон мекунад.Тавре ки роҳбари хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, хатмкунандагони соли таҳсили 2013 – 2014 барои дохил шудан ба Донишкадаи амнияти молиявию иқтисодии Донишгоҳи тадқиқоти миллии Маскав аз рӯи ихтисоси «Амнияти иттилоотии сохторҳои молиявию иқтисодӣ» ду квота ҷудо карда шудааст. Мувофиқи суханони Абдуғаффор Қурбонов, довталабон фақат баъди сӯҳбати пешакӣ бо омӯзгорони Донишкадаи амнияти молиявию иқтисодӣ иҷозати супурдани имтиҳон дар шаҳри Маскавро мегиранд. Довталабон бояд забони давлатӣ, забони русӣ, риёзию физикаро ба дараҷаи аъло дониста ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






