«Ҷоизаи бозори озод — Хатлон 2013»-мусобиқаи мубоҳисавӣ

Апрель 18, 2013 09:19

Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– 21 апрели соли 2013 Маркази бозори озоди Тоҷикистон бо ҳамкорӣ ва дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Фонди Фридрих Науман ва Фонди пажуҳишҳои иқтисодии «Атлас» аввалин маротиба мусобиқаи мубоҳисавии минтақавии «Ҷоизаи бозори озод — Хатлон 2013»-ро, ки ба мавзуъҳои иқтисодӣ — масоили андозбандӣ, танзими давлатии иқтисодӣ, савдои байналмилалӣ бахшида шудааст, барои ҷавонони вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мекунад. Ҳадафи он афзун кардани донишҳои иқтисодии ҷавонон тавассути гузаронидани мубоҳисаҳо дар мавзуъҳои алоҳида мебошад. Мусобиқа аз рӯйи шакли парламентии амрикоӣ сурат мегирад.Мубоҳисаи ҷавонӣ яке аз усули таъсирноки омӯзиш барои ба даст овардани дониши зарурӣ дар ҷамъияти демократӣ мебошад. Ин мусобиқа барои баланд бароштани сатҳи дониш, рушди тафаккури интиқодӣ ва маҳорати суханварӣ равона шудааст.Бо андешаи ташкилотчиён, мақсади асосии мусобиқаи мубоҳисавии «Ҷоизаи бозори озод — Хатлон 2013» — рушди ҳаваси ҷавонони минтақа барои ба даст овардани дониши иқтисодӣ ва мусоидат ба ташаккули шахсиятҳои нави намоён равона шудааст. Бинобар ин пеш аз мусобиқаи мубоҳисавӣ барои иштирокчиён тренинг оид ба шакл ва техникаи мубоҳиса гузоронида мешавад.

Апрель 18, 2013 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад