299 нафар бо ҷои кор таъмин шуд
Душанбе, 3 апрел.(АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Бо гарм шудани ҳаво сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор авҷ гирифт. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, дар айни замон аз 10 субъекти хоҷагидор фаъолияти 5 ададаш бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Раёсат бо чандин ширкати кордиҳандаи Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ баста, дар асоси онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодани шаҳрвандони вилояти Суғдро бо воситаи субъектҳои хоҷагидор ба роҳ мондааст. Аз оғози сол дар маҷмуъ 49 нафар аз ҷониби ҶДММ «Нақлиёт» бо воситаи тайёра ба шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Волгограду Красноярски Русия сафарбар гардиданд. ҶДММ «Умури ихтиёрии меҳнатии ҷавонон» 127 нафарро ба ноҳияи Дмитровои вилояти Маскав сафарбар намуд. Инчунин ҶДММ «Мирзо ва К» низ 66 нафарро дар ҳамин ноҳия бо кор таъмин намуд. ҶДММ «Сомонэкспресстранс» 32 нафарро ба шаҳри Тюмен ва ҶДММ «Иттиҳодияи автовокзалҳо» 25 нафарро ба шаҳри Красноярск сафарбар кард. Дар маҷмуъ дар давоми се моҳ 299 нафар аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор бо ҷои кор таъмин шуданд. Бояд гуфт, ки барои муҳоҷироне, ки дар асоси шартнома фиристода мешаванд, як қатор имтиёз муқаррар шудааст. Аз ҷумла, онҳо барои фаъолият иҷозати расмӣ гирифта, бо ҷойи хоб, либоси корӣ , хӯроки гарм ва маоши хуб таъмин мешаванд. Ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби кордиҳандагон ҳимоя мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






