Афзоиши истихроҷ ва коркарди маъдан дар фабрикаи бойгардонӣ
Душанбе, 02 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Нимаи дуюми имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Президенти ҶДММ «Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Хуан Тсянжун ва намояндаи Ширкати Ши Бу (саноати куҳкорӣ) Ван баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноати маъданҳои куҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Дар мулоқот инчунин масъалаҳои вобаста ба ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ҷиҳати сохтмони роҳи Бӯстон-Зарнисор ва бунгоҳи тиббии замонавии мобилӣ барои расонидани кӯмаки аввалия ва то соли 2015 зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти истихроҷ ва коркарди маъданро дар фабрикаи бойгардонӣ ва дар ин муддат оғоз намудани сохтмони заводи металлургӣ бо таъсиси ҷойҳои кории нав барои 1000 нафар баррасӣ гардиданд. Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ масъалаи пешгирии ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот ва сохтмони иншооти маишӣ, маъданӣ, боғчаи кӯдакону мактабро мавриди муҳокима қарор дод.Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо ҳамчунин аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мазкур ба манфиатҳои ҷонибҳо хоҳад буд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






