Афзудани пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ дар ду моҳ
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Тибқи маълумотҳои оморӣ бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар ташкилотҳои қарзии мамлакат дар ду моҳи аввали соли равон қариб 4,9 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,7 фоиз афзуд. Тавре ки дар ин бора аз Бонки миллии кишвар хабар доданд, дар таркиби бақияи пасандозҳо маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст.Бино ба иттилои манбаъ, 36,0 фоиз ё 1’762,2 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,0 фоиз ё 3’ 131,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд. Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳи феврал бо пули миллӣ 15,36 дар сад ва бо асъори хориҷӣ 9,89 дар сади солонаро ташкил намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






