Ахбори имрӯзаи ҷаҳон
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров баъди мулоқот бо котиби давлатии Амрико Ҷон Керрӣ арз намуд, ки рӯзҳои наздик дипломатҳои рус бо мақсади огоҳӣ аз вазъи нигаҳдошти шаҳрванди рус аз маҳбаси Гуантанамо дидан мекунанд.
+++++++++++++++++
Як масъули СММ ҳушдор додааст, ки маҳдудкуниҳои нави Исроил алайҳи минтақаи Ғазза ба камбуди ғизо дар ин бахши Фаластин оварда мерасонад, зеро Исроил 8-уми апрел гузаргоҳи ҷанубии Исроил ва марзи минтақаи Ғаззаро баст.
++++++++++++++++++
Миср сафири худ дар Исроилро, баъди оне ки неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии ин кишвар ба минтақаи Ғазза ҳуҷум намуданд, бозхонд кард ва аз аз Шӯрои амниятии СММ хостааст, то маҷлиси фаврии ин Шӯроро даъват ва ба масоили минтақа расидагӣ кунад.
++++++++++++++++++++
Олим ва тоҷири иронӣ Алӣ Ризоӣ мошини вақте ихтироъ намудааст, ки метавонад ояндаи наздикро пешгӯӣ намояд. Барои дарёфти маълумот дар бораи 5-8 соли умри ояндаи худ кофист, ки инсон ба ин асбоб даст расонад.
+++++++++++++++++
Фурудгоҳи Сингапур —Changi Airport Group беҳтарин фурудгоҳи дунё эътироф гардид ва дар ин фурудгоҳ 32-ҳазор нафар кор мекунад.
++++++++++++++++++
Мутахассисони Вазорати мудофиаи Кореяи Шимолӣ гуфтаанд, ки Ҷумҳурии мардумии Чин барои рушди барномаи ядроӣ ва гузаронидани машқҳои зеризаминӣ ҳудуди 1,5 миллиард доллар харҷ кардааст.
Таҳияи Баҳманёр Муродов








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






