Ахбори муҳимтарини рӯз
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Сарвазири Қазоқистон Серик Ахметов бо сафари расмӣ рӯзҳои 25-26-уми апрел аз Беларус дидан карда, бо мақомоти ин кишвар ҳамкориҳои иқтисодии Қазоқистону Беларусро баррасӣ мекунад. —————————————Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Элмар Мамедяров дар суҳбаташ бо вазири корҳои хориҷии Фаластин Риод ал- Маликӣ гуфтааст, ки кишвараш дар созмонҳои байналмиллалӣ аз мавқеи Фаластин пуштибонӣ мекунад. ———————————-Даври навбатии гуфтугӯ байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва МАГАТЭ қарор аст рӯзи 21-уми май дар Вена баргузор шавад. —————————Вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон Киличбек Султонов баъд аз муноқиша бо муовини сарвазири кишвараш аризаи истеъфо навишт. ——————————Ҳудуди 45 ҳазор сокинон ба кӯчаҳои Париж баромада, зидди лоиҳаи қонунӣ намудани никоҳи афроди ҳамҷинс эътироз намуданд. ————————Тоҷири рус Алишер Усмонов бо доштани сармояи 20,3 миллиард доллар дар рӯйхати сарватмандони Британия мавқеи нахустро касб кардааст. Тарҷумаи Баҳманёр Муродов








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






