Ахбори муҳимтарини рӯз
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар».-)Имрӯз дар Ҷумҳурии Мардумии Корея яке аз бузургтарин ҷашнҳо — рӯзи таваллуди асосгузори ин кишвар Ким Ир Сен бошукуҳ таҷлил мешавад.++++++++++++++Николас Мадуро дар интихоботи президентии Венесуэла бо касби 50, 76% -и овозҳо ғолиб омад ва рақиби ӯ Энрике Каприлеса 49,07%-и раъйи мардумро соҳиб шудааст. ++++++++++++++Арзиши манзил дар Теҳрон назар ба соли қабл қариб якуним баробар афзудааст. Масъулин болоравии нархи хонаҳоро ба таҳримҳои иқтисодии кишварҳои Ғарб алайҳи Эрон вобаста медонанд. +++++++++++++Интизор меравад, ки бо сабаби доштани қарзҳои бисёр дар низоми бонкӣ Словения ҳам ба ботлоқи буҳрони иқтисодӣ фурӯ равад. Қаблан дар Аврупо Юнон, Ирландия, Португалия, Испания, Кипр ба ин буҳрон мувоҷеҳ шуда буданд. +++++++++++++Маросими дафни Маргарэт Тэтчер, собиқ сарвазири Британия 17-уми апрел дар калисои ҷомеи Павели муқаддас баргузор мешавад. Гуфта мешавад дар ин маросим ҳамчунин маликаи Британия Елизаветаи 2 низ иштирок хоҳад кард. +++++++++++++++Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар як суҳбаташ дар Токио гуфт, ки Амрико омодааст, ки дар ҳоли ҳамлаи Чин бехатарии Ҷопонро таъмин ва марзи ин кишварро муҳофизат кунад. Тарҷумаи Баҳманёр Муродов








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






