«Ал- Рамза» боз «Равшан»-ро шикаст дод

Апрель 24, 2013 15:17

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони мавсими гузаштаи футболи кишвар дар бозии даври панҷуми сабқати гуруҳии Ҷоми AFC, ки шоми 23-юми апрел дар Уммон баргузор шуд, аз дастаи «Ал- Рамза»-и Урдун ба ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.  Гуфта мешавад «Равшан» -ро дар бозии нахустини даври гуруҳӣ низ тими «Ал-Рамза»-и Урдун дар варзишгоҳи Хуҷанд мағлуб карда буд. Ҳамин тавр, дастаи «Равшан» дар 5 бозии даври гуруҳӣ ба шикаст мувоҷеҳ шуда, ягон хол ба даст наовардааст.

Апрель 24, 2013 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш