Андешаҳо оид ба татбиқи амалии Паём

Апрель 29, 2013 15:55

 
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 апрели соли 2013 доир ба ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқитисоди ва сиёсию фарҳангии кишвар ибрози назар намуданд.Дар қатори дигар масъалаҳои асосии давлатӣ оид ба рангин намудани ҳаёти ҷавонон ба масъулини Ҳукумат ва сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дастуру супоришҳои махсус доданд.Ҳамзамон тибқи фармони раиси кумита сохторҳои маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои масъалаи мазкур вазифадор гардиданд. Дар ин мавзуъ мулоқоти васеъ бо иштироки раиси Кумита ва масъулини дастгоҳи марказии Кумита сураи гирифт.Дар мулоқот тазаккур дода шуд, ки тибқи амалӣ кардани Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва тибқи дастуру супоришҳои дар паём омада, барои дар ниҳоди насли наврас баланд бардоштани ҳиссиёти гуманистӣ, фидокорӣ, ватандўстӣ, эҳтирому гиромидошти фарҳанги миллӣ, анъанаву суннатҳо, рамзҳои давлатӣ ва дигар муқаддасоти Ватан пайваста чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқоти доир гарданд. Барои ҷалби онҳо ба китобхонаҳову марказҳои фарҳангӣва дар ниҳодашон бедор сохтани донишазхудкуниву касбомўзӣ масълин вазафадор гардиданд.Ҳамзамон фаъолият, рушди сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм барасӣ гардид.Раиси Кумита аз дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи туризм ва аз иштироки масъулини Кумита дар чорабиниҳои бонуфузи байналхалќӣ ва аз тарғибу ташвиқи пайвастаи расонаҳои ахбори умум ёдовар шуд. Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии ITB-Берлин ва аз гўшаи Тоҷикистон дидан намудани 200 ҳазор дўстдорони сайру саёҳат ва сол аз сол зиёд шудани сайёҳони хориҷиро аз соҳибистиқлоли Кишвар арзёби намуд. Барои дар сатҳи баланд хизматрасонӣ ба саёҳони хориҷи, ва тағибу ташвиқи туризими дохилӣ ва дар ин замина барои дидан намудани наврасону ҷавонон аз ҷойҳои тарихӣ ва дар ниҳоди насли наврасу ҷавон бедор намудани ҳисси Ватандустӣба масъулини соҳаи туризи дастуру супориш дод.Ҳамзамон барои нигоҳ дошти генафони миллат ва рушти саломатӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба толорҳои варзишӣ ба масъулини соҳаи варзиш датур дода шуд.Масъулини соҳа барои дар амал татбиқ намудани дастуру суполришҳои дар Паём омада, андешаронӣ намуданд. Ҳамзамон мудири бахши таҳлилу иттилоотии Кумита Ҷалолиддин Нуров андешаашро бо шеъри худ ин тавр баён дошт. Аз рўӣ ҳидоятат ба корамОн ҳомии ҷонфидои миллат,Он Раҳбари Олии муқаддас.Дод аз сари нав паёми худро,Бо лаҳни аҷибу, ҳарфи дилрас.Қадри Ватану ливои Миллат,Оѓози аввал шуд аз забонаш.Ободиву марзу буми Кишвар,Дастури хирад шуд аз давомаш.Бар пушти даҳони бадгуҳарҳо,Як мушти дигар бизад ҳамон рўз.То ҳарфу ҳиҷои бад нагўянд,Бар миллату бар равони Наврўз.Оварда мисоли софу равшан,Он Роҳбари Олии муаззам.То баста кунад забони бадгў,Бо гуфтаи он Имоми Аззам.То Ваҳдати мо абад бимонад,То Парчами мо шавад парафшон.Ў синаи кўҳ намуда сўрох,То зар биситонад аз Зарафшон. Аҳсан ба равони Раҳбари мо,Аз ақлу хирад шўо бипошид.Ў донаи меҳри синаашро,Дар марзаи миллаташ бичошид.Он дона зи меҳри ў, ки гул шуд,Гулдаста намуда шуд Бадахшон.Доман бикушод биҳиши анбар,Дар Суѓду Ҳисору Рашту Хатлон.Эй Раҳбари Олии муаззам,Аз рўӣ ҳидоятат ба корам..Аз баҳри паёму татбиқи он,.Масъуламу хастагӣ надорам.Ҷалолиддин Нуров.

Апрель 29, 2013 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест