Анвар Юнусов- соҳиби медали тилло
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Чанде қабл дар Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс баргузор гардид, ки дар он варзишгарон аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқа лейтенанти милитсия Анвар Юнусов, аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ муаррифӣ намуда, дар вазни 60 кило бо гирифтани ҷойи аввал ва медали тилло мушарраф гардид.Мавриди зикр аст, ки Анвар Юнусов тӯли 9-соли тамрин бо мураббияш Мирзо Шамсиев дар ҷодаи варзиш ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, соли 2012 дар шаҳри Маскав дар мусобиқаи байналмилалии «Динамо-Русия» дар намуди бокси касбӣ ба гирифтани ҷойи дуюм сазовор гардида буд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






