Ба қонуни телевизион ва радиошунавонӣ тағйирот ворид мегардад
Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик Парлумони кишвар ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» тағйирот ворид намояд. Масъалаи мазкур 8 апрел дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ шуд. Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»-ро муҳокима намуданд. Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов, Олим Салимзода, Амир Каттаев роҷеъ ба масъалаҳои мазкур ва такмили онҳо ибрози назар намуданд. Дар анҷоми ҷаласа бархе аз масъалаҳои баррасишуда барои муҳокима ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






