Баҳисобгирии муҳоҷирон аз ҷониби Хадамот

Апрель 9, 2013 14:32

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа» Хадамоти муҳоҷират дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ баҳисобгирии рафтуомади пурраи шаҳрвандонро тавассути варақаи бақайдгирии муҳоҷиратии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ба иттилои сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ дар се моҳи аввали соли 2013 аз ҷумҳурӣ 268 ҳазору 655 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар сафар намудаанд. Аз ин ҳисоб 221 ҳазору 85 нафараш муҳоҷири меҳнатист. Бозгашти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ 146 ҳазору 552 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 117 ҳазор 886 нафар мард ва 28 ҳазору 666 нафараш зан мебошад.

Апрель 9, 2013 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш