Бахши ҷаҳонгардӣ дар Суғд рушд мекунад
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар айни замон дар вилояти Суғд 17 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, соли гузашта ин ширкатҳо 2067 сайёҳи хориҷиро аз 38 давлати ҷаҳон қабул намудаанд. Ин нукта дар ҷаласаи чоруми Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ зикр гардид. Бар пояи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз мавқеи сайёҳӣ дар тараққиёти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ёдовар шуда, дар ин росто инфрасохтори мавҷуда ва табиати нодири вилоятро дар якҷоягӣ бо муҷассамаҳои сершумори таърихии он заминаи асосии рушди сайёҳӣ арзёбӣ кард.Ҳамчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки барои рушди сайёҳӣ дар вилояти Суғд дар давоми солҳои 2010-2014 аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 1 миллиону 223 сомонӣ ва аз дигар манбаъҳо 780 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






