Баррасии ҳамкориҳо бо Зеландияи Нав

Апрель 9, 2013 09:03

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳайё шудааст ва ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод як силсила имтиёзҳоро пешбинӣ намудааст», — иброз намуд вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода 8 апрел дар ҷараёни мулоқот бо сафири Зеландияи Нав дар Иттиҳоди Аврупо Вангелис Виталис.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, ки дар навбати худ Вангелис Виталис ба муносибати узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардидани Тоҷикистон таманниёти неку самимии худро баён дошт. Сипас роҷеъ ба дастгирии Тоҷикистон ҷиҳати интихоб гардидани вазири тиҷорати Зеландияи Нав ба мақоми директори генералии СУС изҳори хоҳиш намуд. «То имрӯз бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СУС аз 9 кишвар (Гана, Коста-Рика, Индонезия, Зеландияи Нав, Кения, Иордания, Мексика, Кореяи Ҷанубӣ ва Бразилия), ки намояндаҳои хешро пешниҳод намудаанд, 6 давлати аъзо (Индонезия, Зеландияи Нав, Иордания, Мексика, Кореяи Ҷанубӣ ва Бразилия) ҷиҳати дастгирии номзадҳояшон ба мақоми директори генералии СУС муроҷиат намудаанд», — зикр намуд вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва афзуд, ки ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай ҷумҳурии мо дар СУС мақоми арзандаи худро пайдо намудааст. Ш.Раҳимзода таъкид намуд, ки намояндагони ҷумҳурии мо пас аз баррасии амиқи барномаҳои пешазинтихоботии муддаиёни ин мансаб ҳатман номзадеро, ки метавонад баҳри рушду равнақи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар байни кишварҳои аъзои СУС таҳаввулот ворид созад, ҷонибдорӣ менамоянд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.

Апрель 9, 2013 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад