Баррасии лоиҳаи «Иштироки ҷавонон баҳри солимӣ дар «Ориёно»
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ташкилоти ҷаъмиятии « Насли ҷавони Тоҷикистон» имрӯз, 5-уми апрел дар бинои Маркази ҷавонон «Ориёно» ҷиҳати саршавии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Иштироки ҷавонон баҳри солимии миллат» нишасти матбуотӣ доир менамояд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.Бино ба иттилои манбаъ, дар нишасти хабарии мазкур муовини сардори раёсати ҷавонони кумита Қиёмиддин Миралиев ва кормандони рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур ба солимии ҷавонон нигаронида шуда, барои нигоҳдошти генофонди миллат аз манфиат холӣ нест.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






