Баррасии масоили бемориҳои ғайрисироятӣ
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Ташкилу таҳкими нерӯи байниқитъавӣ барои мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ ва маъюбият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.Тавре ки аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳар сол 7 апрел таҷлил мешавад, роҳандозӣ шуд. Дар ҷараёни мизи мудаввар зикр шуд, ки бемориҳои ғайрисироятӣ аз ҷумлаи гурӯҳи вайрон шудани саломатӣ ба шумор рафта ва ин гурӯҳ диабет (касалии қанд), бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, саратон, бемориҳои роҳи нафас ва ғайраро дар бар мегирад. Дар сохтори фавтияти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 60 фоизи онҳо ба ин бемориҳо рост меояд.Иштирокдорони мизи мудаввар бо лоиҳаи дурнамои татбиқи стратегияи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.Дар робита бо ин, дар Стратегияи миллии тандурустии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи аз соли 2010 то соли 2020 бартарӣ ҷилавгирии бемориҳо дар бахши ҳифзи тансиҳатӣ зикр ёфта, консепсияи муҳити ягонаи ҷилавгирии бемориҳо тарҳрезӣ шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






