Баррасии механизми талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО дар Душанбе
Душанбе, 9 апрел. АМИТ «Ховар»). — Аз 10 то 13 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Дафтари минтақавии ЮНЕСКО-и шаҳри Алмаато қисмати 2-юми семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Механизми байналмилалии иҷроиши талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ» баргузор мегардад. Ба иттилои котиби масъули Шуъбаи комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и назди ВКХ ҶТ Шаҳло Абдураҳимова дар семинари омӯзишӣ мавзуъҳои рӯзмарра, аз қабили ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ, иштирок дар амалисозии Конвенсияи мазкур, тарзи омода ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номинатсионӣ дар кишвар ва амсоли инҳо баррасӣ мегарданд.Бояд қайд намуд, ки семинари мазкур фазои хуби баррасии масъалаҳои вобаста ба мероси фарҳангии ғайримоддии аъзоҳои Конвенсияи мазкур ба ҳисоб рафта, имконият медиҳад, то дар омода намудани файлҳои умумӣ, муайян намудани мутобиқати ин ё он мероси ғайримоддии кишвар ба талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО ва тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ дар ин самт, ки айни замон таҳти диққати хосаи Ҳукумати мамлакат қарор дорад, шароит фароҳам меорад.Дар ин семинар иштироки 20 нафар мутахассисон аз Вазорати фарҳанг ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо, Академияи илмҳо, Консерваторияи миллӣ, осорхонаҳо, Китобхонаи миллӣ, ҳунармандон ва ғайраҳо дар назар аст.Семинар дар раванди пайгирии сиёсати фарҳангии кишвар, ки аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар партави эҳё, дастгирӣ ва тарғиби мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии кишвар ба мардуми он ва оламиён, ки пайваста таъкид мегардад ва ба муносибати 20-солагии муносибатҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО бахшида шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






