Баррасии стратегияи коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Аз 29 то 30 март дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бахшида ба натиҷаи татбиқи «Стратегияи коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҶТ барои солҳои 2010 – 2012» мизи мудаввар баргузор гардид. Тавре ки аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокдорони мизи мудаввар ҳамчунин татбиқи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ҶТ барои солҳои 2013 – 2015» — ро мавриди муҳокима қарор доданд.Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод ҳозиронро бо натиҷаи Стратегия барои солҳои 2010 – 2012 шинос кард.Иштирокдорони мизи мудаввар гузоришҳоро дар бораи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ислоҳоти идораи давлат, беҳдошти вазъи сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории инфиродӣ шуниданд. Мизи мудаввар бо ибтикори Вазорати рушди иқтисоди ҶТ якҷоя бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид доир гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






