Баррасии вазъи минтақаҳои озод

Апрель 15, 2013 10:55

Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҷаласаи нахустини Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 апрел дар Вазорати рушди иктисод ва савдо бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ Матлубхон Давлатов баргузор гардид. Аз рӯи иттилои хадамоти матбуотии вазорати мазкур, М Давлатов дар ҷаласа оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Сипас, иштирокчиёни Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар мавзуъҳои «Консепсияи рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав» маърӯзаҳо намуданд. Дар интиҳои ҷаласа аъзои Шӯрои нозирон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани нахустин Анҷумани байналмилалии иқтисодию сармоягузории вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таклифу пешниҳодоти муфид изҳор доштанд.

Апрель 15, 2013 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд